Ҳушдори Алкозимӣ ба қонуншиканиҳо дар натоиҷи интихоботи Ироқ
(last modified Fri, 15 Oct 2021 15:41:49 GMT )
Октябр 15, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Алкозимӣ ба қонуншиканиҳо дар натоиҷи интихоботи Ироқ

Нахуствазири Ироқ ба қонуншиканони муътариз ба натоиҷи интихоботи парлумонии ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории «Спутник», Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ дар ҷаласаи кабинаи ин кишвар гуфт: Ҳар ҳизб ё шахсияте ҳақ дорад дар бораи натоиҷи интихоботи парлумонӣ шикоят ва кумитаи интихобот бояд бо ҷиддият шикоятҳоро пайгирӣ кунад.

Алкозимӣ аз тамоми фраксиюнҳое, ки дар интихоботи парлумонии Ироқ пирӯз шудаанд хост, бо рӯҳияи миллигароӣ барои ташкили давлати оянда ҳамкорӣ кунанд.

Интихоботи зудҳангоми Ироқ рӯзи якшанбеи 10 октябр дар саросари ин кишвар баргузор шуд ва натоиҷи аввалияи он рӯзи гузашта (сешанбе) тавассути комиссари олии интихоботи Ироқ эълом шуд.

Дар пайи эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи Ироқ бисёре аз номзадҳои интихоботи парлумонии ин кишвар ба натиҷаи эъломшуда тавассути комиссари олии интихобот эътироз кардаву хостори шафофият дар эъломи натоиҷ шуданд.