Шаҳодати асири сурии озодшуда ба зарби гулӯлаи ишғолгарон дар Ҷавлони ишғолӣ
(last modified Sun, 17 Oct 2021 06:47:01 GMT )
Октябр 17, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати асири сурии озодшуда ба зарби гулӯлаи ишғолгарон дар Ҷавлони ишғолӣ

Манобеи расонаӣ аз шаҳодати асири сурии озодшуда ба зарби гулӯлаи ишғолгарони саҳюнист хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмаёдин, ишғолгарони саҳюнист бо иқдоми хасмонаи дигаре дар Ҷавлони ишғолӣ, Мидҳат Алсолеҳ-асири сурии озодшударо дар минтақаи Айналтина, муқобили шаҳраки Маҷдал Шамс ҳадаф гирифтанд, ки дар натиҷа вай ба шаҳодат расид .

Алсолеҳ-мудири дафтари умӯри Ҷавлон дар ҳайати давлати Сурия буд. Вай ба шиддат мавозиъи тунде алайҳи ишғолгарии саҳюнистҳо дар Ҷавлони ишғолӣ дошт.
Ин масъӯли сурӣ борҳо аз шаҳрвандони ин кишвар дар Ҷавлон хоста буд, ки алайҳи саҳюнистҳо даст ба кор шаванд ва ононро ихроҷ кунанд. Вай гуфта буд Ҷавлон мутаъаллиқ ба Сурия аст ва сокинони он низ аз шаҳрвандони араби Сурия ҳастанд .

Асири озодшудаи сурӣ дар ҳоле ба шаҳодат расид, ки Нафтоли Биннети-нахуствазири режими саҳюнистӣ ахиран эълом кард: Исроил қасд дорад теъдоди сокинони баландиҳои Ҷавлони ишғолиро ду баробар кунад ва ду шаҳраки ҷадид дар баландиҳои Ҷавлон бунёд намоянд .