Интиқоди Ҳизбуллоҳи Ироқ аз натоиҷи интихоботи порлумонии ин кишвар
Сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба шиддат аз натоиҷи интихоботи порлумонии ахир дар ин кишвар интиқод кард.
Ба гузориши имрӯзи душанбеи радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Абӯалӣ Аласкарӣ-сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар баёния дар Твиттери худ навишт : Интихоботи порлумонии Ироқ-бузургтарин найрангу фиреби зидди миллати ин кишвар аст, ки муқовимат назари худро дар мавриди он гуфтаву мавозиъаш дар дифоъ аз ҳуқуқи мардумро баён кардааст.
Аласкарӣ афзуд : Алкозимӣ бояд ба хотири иқдомоти худ дар интихобот муҳокима ва дар зудтарин замон нисбат ба бозситонии ҳуқуқи раъйдиҳандагон ва номзадҳои онҳо иқдом шавад; дар ғайри ин сурат авзоъ ба самти номатлӯбе пеш меравад .
Натоиҷи аввалияи интихоботи Ироқ тавассути Комисариёии олии интихоботи Ироқ эълом шуд . Дар пайи эъломи ин натоиҷ бисёре аз номзадҳои интихобот ва мардуми ин кишвар ба натиҷаи эъломшуда эътироз кардаву хостори шафофият дар эъломи натоиҷ шуданд.
Бештар бихонед :
- Парлумони Ироқ: Низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд
-
Раҳбари муаззами инқилоб: Эрон хоҳони Ироқи иззатманд ва мустақил аст
-
Вазорати дифои Ироқ ; хуруҷи Амрико аз пойгоҳҳо таъситре дар амнияти Ироқ надорад.