Ҳузури Башор Асад дар маросими ҷашни валодати набии акрам (с) дар Димишқ
(last modified Tue, 19 Oct 2021 11:30:00 GMT )
Октябр 19, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Башор Асад дар маросими ҷашни валодати набии акрам (с) дар Димишқ

Раиси ҷумҳурии Сурия дар маросими динии ҷашни валодати набии акрам (с) дар масҷиди ҷомеи Шофеъии Димишқ, пойтахти Сурия ҳузур ёфт.

Ба гузориши Хабаргузории расмии Сурия (Syrian Arab News Agency), Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия душанбешаб барои иқомаи намози мағриб ба масҷиди имом Шофеъӣ, дар минтақаи Алмазаи Димишқ рафт ва дар маросими динии солрӯзи мелоди набии акрам - ҳазрати Муҳаммад (с) дар он ҷо ҳузур ёфт.

Дар ин маросим ҷамъе аз уламои динӣ ва бархе мақомҳои сиёсии Сурия ҳам ҳузур доштанд.

Имрӯз - сешанбе, дувоздаҳуми моҳи рабеулавал ба баёни аҳли тасаннун рӯзи валодати паёмбари акрам (с) аст.

 

Мусулмонони аҳли суннат дувоздаҳуми рабеулаввал ва шиаён ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони Ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабеулаввал) -ро «Ҳафтаи Ваҳдат» номгузорӣ карданд.

 

Бештар бихонед: