Октябр 20, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз убури корвони амрикоӣ дар Қомишлии Сурия

Манобеи расонаӣ гузориш карданд, аҳолии рустоӣ дар наздикии Қомишлии Сурия аз убури корвони низомиёни амрикоӣ ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши САНА, корвони амрикоӣ шомили се мошини зиреҳӣ ва як мошини Ҳаммер, ки қасди вуруд ба шаҳри Қомишлиро дошт, ҳангоми убур аз рустои Ҳомур бо эътирози аҳолии ин русто мувоҷеҳ шуд ва мардум бо партоби санг ба сӯи ин корвон онҳоро маҷбур ба бозгашт карданд.

Аҳолии рустои Ҳомур то кунун борҳо аз убури корвонҳои низомии Амрико аз ин минтақа ҷилавгирӣ ва ба ҳузури низомии Амрико дар хоки Сурия эътироз кардаанд.

Неруҳои амрикоӣ ва гуруҳи мавсум ба Нерӯҳои демократи Курдистони Сурия ҳампаймон бо онҳо, бахши умдае аз майдонҳои нафтӣ дар минтақаи Алҷазира дар Сурия дар ду устони Алҳасака ва Дайруззурро дар ихтиёр доранд.

Артиши Амрико аз соли 2015 дар ростои ҳимоят аз террористҳои мустақар дар шарқи Сурия ва бидуни иҷозаи давлати ин кишвар нерӯҳои худро вориди бахшҳои шарқии Сурия ва марзҳои муштараки ин кишвар бо Ироқ ва Урдун кардааст.

Мақомоти Сурия борҳо таъкид кардаанд, иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия ба манзалаи ишғол аст.

 

Бештар бихонед: