Ноябр 15, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Идомаи мудохилаи низомии Туркия дар Сурия

Артиши Туркия дар идомаи амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия, аъзои Ҳизби коргарони Курдистонро ҳадаф қарор дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи радио – телевизиюнии TRT (Туркия), Вазорати дифои Туркия дар баёнияе эълом кард: Ду тан аз аъзои Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) дар амалиёти неруҳои ин кишвар дар шимоли Сурия кушта шудаанд.
Дар ин баёния омадааст ин ду узви ПКК дар минтақаи амалиётии “Чашмаи сулҳ дар шимоли Сурия, қасди амалиёт алайҳи неруҳои артиши Туркияро доштаанд.
Анкара Ҳизби коргарони Курдистонро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор дода ва ба баҳонаи таъқибу мубориза бо аъзои ин гуруҳ, Сурия ва ҳамчунин Ироқро ба арсаи тохту този артиши Туркия мубаддил кардааст.

Амалиёти артиши Туркия  ба рағми мухолифати мардуми ин ду кишвар идома меёбад.



Бештар бихонед:

 

Барчасп