Ҷинояти ҷангии муздӯрони саудӣ алайҳи асирони ҷангии Яман
Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ахирани 10 нафар аз асирони артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро эъдом кард. Вазорати хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман, ин иқдомро «ҷинояти ҷангӣ» унвон кард.
Арабистони Саъудӣ аз 26 марти 2015 токунӯн яъне ба муддати 80 моҳ, Яманро ҳадафи бомбаборони рӯзона қарор медиҳад. Дар ин ҷанг, илова бар инки беш аз 100 ҳазор нафар ба таври мустақим ва ғайримустақим ҷони худро аз даст додаанд, ҳудӯди 4 миллион яманӣ низ овора шуда ва ҳазорон нафар низ асир дасти муздӯрони саудӣ дар Яман ва ҳамчунин асири режими Оли Сауд ҳастанд.
Арабистони Саудӣ ва муздӯрони он, эътиное ба ҳуқуқи асирони яманӣ, надоранд ва зимни дарназар нагирифтани ҳуқуқи аввалияи асирони яманӣ, токунӯн даҳҳо асирро низ эъдом кардаанд. Дар ҳамин росто, кумитаи миллии умӯри асирони Давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, ки муздӯрони Эътилофи мутаҷовизи саудӣ шанбеи гузашта (13 ноябр) 10 нафар аз асирони артишу кумитаҳои мардумии Яманро эъдом карданд ва пайкари онҳоро ба дарё андохтанд. Вазорати хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман рӯзи душанбе (15 ноябр) эълом кард, ин иқдом нақзи ошкори тамомии қавонини байналмилалӣ ва инсонӣ ба хусӯс тавофуқи Женева дар хусӯси рафтор бо асирони ҷангӣ аст, ки ҳар гуна шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ бо асиронро мамнӯъ кардааст.
Модаи 13 аҳдномаи сеюми Женева 1949 дар бораи ҳуқуқи асирони ҷангӣ мегӯяд: «Мақомоти кишвари асиркунанда бояд бо асирони ҷангӣ, дар ҳар замон ва таҳти ҳар шароите дар камоли инсоният рафтор кунанд ва аз эъмоли ҳар гӯна рафтори ғайриинсонӣ аз қабили хушунат (ба сӯрати шиканҷаҳои ҷисмонӣ ё равонӣ ва ғайра), таҳдид, тавҳин, дахолатҳои расмии нобаҷо ва билохира ғафлати ғайри муваҷҷаҳ, ки мунҷар ба фавти онон гардад ва ё саломатии онҳоро дучори мухотира созад, парҳез намоянд».
Модаи 14 мегӯяд: «Асирон, бархӯрдор аз эҳтиром ва шарофату ҳайсияти шахсӣ ҳастанд.»
Дар модаи 16 низ омадааст: «Бояд бо асирони ҷангӣ бидуни дар назар гирифтани нажод, тобеъияту мазҳаб рафтор шавад». Ба гуфтаи проффессор Rutter «беиғроқ метавон гуфт, ки асирони ҷангӣ дар кулияи маворид ба ҷуз мавориди озодии хурӯҷ аз урдӯгоҳҳо,аз ҳамон рафтори инсонӣ мусоид бархӯрдоранд, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвари асиркунанда бархӯрдор ҳастанд».
Ончӣ режими Оли Сауд ва муздӯрони он дар дохили Яман алайҳи асирони ҷангӣ анҷом медиҳанд, ноқизи ҳуқуқи дар назар гирифта шуда дар аҳдномаи сеюми Женева 1949 дар бораи асирони ҷангӣ аст. Ин аҳднома ҳатто «ғафлати ғайримуваҷҷаҳ»-ро низ рад мекунад, аммо Оли Сауд ва муздӯрони он огоҳонаи асирони яманиро эъдом мекунанд ва дар иқдоми шанеъ пайкари онҳоро ба дарё меандозанд. Ин навъи рафтор нишон медиҳад, Оли Сауд ва муздӯрони он дар дохили Яман комилан бегона аз арзишҳои динӣ ва инсонӣ ҳастанд.
Ду нукта дар бораи иқдоми ахири зидди асирони яманӣ вуҷӯд дорад.
Аввали инки; муздӯрони саудӣ ҳамзамон бо ақибнишинии нерӯҳои Эътилофи саудӣ - иморотӣ аз соҳили ғарбии Яман ва ҳамчунин пешравии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар Маариб, ин ҷиноятро муртакиб шуданд, ки ин хашму асабонияти онҳоро дар қиболи шикастҳои майдонӣ нишон медиҳад. Кумитаи миллии умӯри асирони яманӣ дар ин хусӯс эълом кард: «Ин ҷароим дар ҳаққи асирон гувоҳи ин аст, ки хати машии кишварҳои мутаҷовиз ва муздурони он барои интиқомгирӣ аз ҳама касоне аст, ки барои муқобила бо ишғолгарӣ ва иқдомоти террористии онҳо иқдом мекунад».
Дувуми инки; масъӯлияти мустақими ин ҷиноят бо Оли Сауд аст. Касоне, ки ин ҷиноятро муртакиб шудаанд, муздӯри саудӣ дар Яман ҳастанд. Лизо ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар қиболи ин ҷиноят масъӯлият дорад ва бояд омилони онро таҳти таъқиб қарор диҳад. Дар ҳамин росто, Давлати наҷоти миллии Яман аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хусӯси Шӯрои амният, Шӯрои ҳуқуқи башар, Комисориёи ҳуқуқи башари Созмони милал ва Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ва тамомии гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ хост то сукути худро шикаста ва ин ҷиноятро мавриди расидагӣ қарор диҳанд.
Нуктаи поёнӣ инки; эъдоми асирони яманӣ ва андохтани пайкари онҳо ба дарё, гуёи фурӯпошии ахлоқии низоми Оли Сауд аст, ки дар сояи сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳимояти Амрико аз ҷанг алайҳи Яман рух дод.
Муҳаммад Ал Бахитӣ, узви Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳи Яман дар ин хусӯс унвон кард: «эъдоми ду бораи шуморе аз асирон ба дасти нерӯҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ва муздӯронаш, ки дар ҳолати пешравӣ ё ақабнишинӣ анҷом мегирад, аз мизони фурӯпошии ахлоқии Амрико ва авомили он дар минтақа парда бармедорад».
Бештар бихонед:
- Намояндаи Созмони милал хостори ҳалли буҳрон Яман шуд
- Муҳри таъйиди коршиносони байналмилалӣ бар вуқуъи ҷинояти ҷангӣ дар Яман