Подшоҳи Урдун : Сулҳи минтақа дар гарави поёни ишғолгарии Исроил аст
(last modified Mon, 29 Nov 2021 10:57:37 GMT )
Ноябр 29, 2021 15:57 Asia/Dushanbe
  • Подшоҳи Урдун : Сулҳи минтақа дар гарави поёни ишғолгарии Исроил аст

Подшоҳи Урдун таъкид кард: Ғарби Осиё наметавонад аз сулҳ бархурдор шавад, магар инки ишғолгарии Исроил дар сарзаминҳои фаластинӣ поён ёбад .

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории давлатии Урдун ( ПТРО ), Абдуллоҳи дувум-подшоҳи Урдун дар номае хитоб ба Шайх Наёнг-раиси Кумитаи пайгирии ҳуқуқи мусалламу ғайриқобили тасарруфи миллати Фаластин дар Созмони Миллал  ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо фаластиниён ( бисту нуҳуми ноябр ) бар поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар қаламрави Фаластин таъкид кард .

Абдуллоҳи дувум ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои шаҳраксозии Исроил, мусодираи арозии фаластинӣ ва тахриби хонаҳои фаластиниҳоро маҳкум ва тасреҳ кард : Лозим аст ҳамаи абзорҳои ҳимоятӣ барои тадовуми кори Ожонси имдоду кори Созмони Миллали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ ироа шавад .

Подшоҳи Урдун ҳамчунин ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз масъалаи Фаластин ва расидагӣ ба мардуми мазлуми онро хостор шуд.
Пеш аз ин низ Мишели Авн-раиси ҷумҳури Лубнон дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо фаластиниён аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост барои поён додан ба ранҷи фаластиниҳо аз тариқи бозгардондани ҳақ ба соҳибони он талош кунад .



Бештар бихонед :