Ноябр 30, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Алмашот: Амрико ҷанг бар зидди Яманро ҳидоят мекунад

Раиси Шурои оли сиёсии Яман такид кард, Амрико ҷанге таблиғотӣ ва гумроҳкунанда бар зидди Яманро ҳидоят мекунад ва дар ин дасиса Англия, Фаронса ва кишварҳои дигар мушорикат мекунанд.

Маҳди Алмашот душанбе дар паёми тасвирӣ ба муносибати панҷоҳучорумин солгарди истиқлолияти Яман гуфт, ин муносибати бузург дар ҳоле фаро мерасад, ки Яман барои ҳафтумин соли пай дар пай дар маърази таҷовузи манфур қарор гирифтааст, ки  омилҳои он душманони 30 ноябр (солгарди истиқлолияти Яман ва ихроҷи низомиёни Англия) ҳастанд ва ин масъала моро дар қиболи ин рӯзи таърихӣ ва фарқкунанда бо масъулиятҳои вазнин мувоҷеҳ мекунад.

Алмашот гуфт: Ахиран ҳамалоти гумроҳкунандаи хасмона бар зидди Яман афзоиш ёфтааст, ки ҳадафи он хадшадор кардани мавозеи ин кишвар дар қиболи сулҳ аст ва ин ҳамалот аз сӯи Вашингтон ҳидоят мешавад ва ҳадафи онҳо аз ин ҳамалот, гумроҳ кардани афкори умумии ғарбӣ ва ҷаҳонӣ ва сарпғш гузоштан бар вазъияти воқеии онҳо ва коршиканӣ дар масири сулҳ аст.

Алмашот таъкид кард, ҳамзамон бо ин муносибат пирӯзиҳои бисёре барои қаҳрамонон ва диловарони неруҳои мусаллаҳ ва амниятии Яман амалӣ шудааст ва аз ҳамагон мехоҳем инсиҷом, ҳамбастагӣ ва ҳамкории бештар дошта бошанд ва аз ҷабҳаҳо пуштибонӣ ва дасторвардҳоро ҳифз кунанд.

Ин мақоми яманӣ таъкид кард, давлати Яман омодагии худро дорад барои тавақуфи амалёти низомӣ дифоъӣ ба маҳзи таваққуф, таҷовуз ва лағви муҳосиба ва пойбандии амалӣ ба поёни ишғолгарӣ ва бартараф кардани паёмадҳои ҷанг эълом кард ва руйкарди хасмонаи Амрико ва ҳамчунин сукути байналмилалиро дар муқобили иртикоби ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят бар зидди башарият дар Яман маҳкум мекунад.

Бо хориҷ шудани охирин сарбози Англия дар 30 ноябри 1967, ки самараи инқилоби 14 оятябри 1963 буд, Яман истиқлоли худро ба даст овард.

 

Бештар бихонед:

Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад

Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест

Барчасп