Декабр 01, 2021 12:36 Asia/Dushanbe
  • Эътирофоти бесобиқаи давлати Мансур Ҳодӣ: Ҷанги Яман беҳуда аст

Раиси Шӯрои машваратии давлати мустаъфии Яман бо эътироф ба шикасти гузинаи низомии Эътилофи саудӣ дар муқобила бо артиш ва Ансоруллоҳи Яман, ҷанги Яманро беҳудаву шикастхӯрда хонд.

Аҳмад бин Дағар, раиси Шӯрои машваратии Яман, вобаста ба Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ҷанги Яманро «пуч» унвон кард ва гуфт: Гузинаи низомӣ поён ёфта ва ба бунбаст расидааст.

Аҳмад бин Дағар афзуд: Талоши давлати мустаъфӣ барои ба даст гирифтани давлат бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва наздик аст, ки шикасти худро эълом кунад.

Раиси Шӯрои машваратии Яман ҳамчунин ташкили эътилофи миллӣ бо ҳузури Ансоруллоҳро барои дифоъ аз ваҳдати Яман, наҷоти кишвар аз фурӯпошии иқтисодӣ ва таваққуфи ҳамаҷонибаи ҷанг хостор шуд.

Ҳамалоти Эътилофи саудӣ алайҳи Яман ба баҳонаи бозгашти қудрат ба Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури мустаъфӣ ва фирории Яман, аз марти 2015 оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Созмони ҳуқуқи башарии вижаи ҳуқуқи занону кӯдакони Яман омори ҷадидеро дар бораи иртикоби ҷиноёти Эътилофи саудӣ дар Яман тайи ҳафт соли гузашта мунташир ва эълом кард, теъдоди кӯдакони қурбонии таҷовузоти саудӣ аз ибтидои ҷанг то кунун ба 3825 кушта ва 4157 маҷруҳ расидааст.