Декабр 02, 2021 11:40 Asia/Dushanbe
  • Санъо бори дигар омоҷи ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифт

Эътилофи Саудӣ дар идомаи таҷовуз ба Яман, ҳамалоти ҳавоӣ ба Санъо пойтахти ин кишварро аз сар гирифт

Ба гузориши хабаргузори Алмасира, неруҳои мутаҷовизи Эътилофи саудӣ бомдоди имрӯз панҷшанбе ҳамалоти ҳавоии дақиқеро зидди аҳдофи низомии Санъон анҷом дод ва аз шаҳрвандон хостанд аз наздик шудан ба маҳалаҳои ҳадаф фосила бигиранд.

Санъо ҳафтаҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои Саудӣ қарор гирифта аст.

Даргири миёни артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо неруҳои Эътилофи саудӣ дар рӯзҳои ахир дар бархе манотиқ афзоиш ёфта аст.

Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанги бар зидди Яман мушорикати мустақим дорад

Давлати мусъафи Яман: Аморат омили бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷануби Яман аст

Яманиҳо далили ташдиди ҳамалоти Эътилофи саъудӣ дар шимоли Яманро шикасти Эътилофи саудӣ - амрикоӣ дар соҳили ғарбӣ ва озодсозии Ал Ҳудайда медонанд ва муътақидан, ки Амрико муъодилоташ дар минтақа ба вижа дар ҷангӣ Яман баҳам хурда аст.

Ҷангафрузии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст. Таҷовузи Арабистон пеш аз 85 дарсад зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишварро бо камбуди шадид маводи хурокӣ ва доруӣ муваҷаҳ кардааст.

Барчасп