Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон
Октябр 11, 2025 10:27 Asia/Dushanbe
-
Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон
Порстудей - Дар паи ҳамлаҳои ҳавоии бомдоди шанбеи Исроил ба манотиқи ҷанӯбии Лубнон як тан шаҳид ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин , неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ бомдоди шанбе силсилаи ҳамалоти шадидеро дар ҷануби Лубнон анҷом дод. Артиши Исроил минтақаи миёни шаҳракҳои « Мусилаҳ » ва « ал-Наҷория »-ро ҳадафи бомбаборон қарор дод ва мошинолоти ҳаффорӣ ва булдозерҳоро мавриди ҳамла қарор дод. Режими саҳюнистӣ бо таъӣди ин ҳамла муддаӣ шуд, ки марказҳои зерсохтии Ҳизбуллоҳ дар ин амалиёт ҳадаф қарор гирифтаанд .
Барчасп