Ҳамалоти ДИИШ ба минтақаи Курдистони Ироқ/Нишасти Боризонӣ бо фидоиҳо
(last modified Mon, 06 Dec 2021 09:41:20 GMT )
Декабр 06, 2021 14:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ДИИШ ба минтақаи Курдистони Ироқ/Нишасти Боризонӣ бо фидоиҳо

Дар пайи ҳамалоти ДИИШ ба неруҳои фидоӣ ба устонҳои Каркук ва Арбил, раиси минтақаи Курдистони Ироқ бо фармондеҳони ин неруҳо нишасти изтирорӣ баргузор кард.

ДИИШ шомгоҳи якшанбе ба неруҳои Фидоӣ дар марзи байни устонҳои Каркук ва Арбил ҳамла кард, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз онҳо мунҷар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Русия Алявм, Ничервон Боризонӣ раиси минтақаи Курдистони Ироқ имруз душанбе бо ҳушдор ба фармондеҳони неруҳои фидоӣ дар бораи таҳдидоти ДИИШ гуфт: Ҳамалоти ахири терористҳо хатароти воқеъии зидди амният ва суботи Ироқ ва минтақа ва ҷаҳон аст.

Раиси минтақаи Курдистони Ироқ бар лузуми тақвияти ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва эътилофи байналмилалӣ аз Ироқ ва ин минтақа барои муқобила бо тероризм таъкид кард.

 

Бештар бихонед: