Декабр 08, 2021 13:36 Asia/Dushanbe
  • Режими Саудӣ абзори хадамотии Амрико аст

Як узви дафтари сиёсии Кумитаҳои мардумии Яман таъкид кард, режими Саудӣ ба абзоре дар ростои иҷрои аҳдофи Амрико табдил шудааст.

Ҳузом Аласад, узви дафтари сиёсии Кумитаҳои мардумии Яман гуфт, ташдиди таҷовузоти душман ба ғайринизомиён бо шикастҳои паёпайи Эътилофи саудӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи низомӣ ҳамзамон шудаву баёнгари моҳияту шеваи воқеӣ ва ҷинояткоронаи Амрикост, ки фармондеҳии таҷовуз ба миллати Яманро аз замони оғози ҷанг то кунун бар уҳда доштааст.

Аласад гуфт, ҷаҳон медонад, ки эълони ҷанг алайҳи Яман аз давлати Амрико сурат гирифт ва ин ки силоҳу ҷангандаҳои Амрико дар ҳоли куштори мардуми Яман ҳастанд, ҳамчунон ки киштиҳои ҷангии Амрико ба муҳосираи кӯдакони Яман ва ҷилавгирӣ аз вуруди дору барои беморонашон мепардозанд.

Узви дафтари сиёсии Кумитаҳои мардумии Яман аз нақши заифи Созмони Милал низ интиқод кард, ки тасмимоту қатъномаҳои байналмилалӣ тобеи рӯйкардҳову диктаҳои Амрико аст, аммо яманиҳо ба пирӯзии илоҳӣ имон доранд ва бар артиш ва Кумитаҳои мардумӣ ва тавонмандиҳои дифоӣ барои боздорандагӣ дар баробари таҷовузоти ваҳшиёнаи мутаҷовизони амрикоӣ – саудӣ, такя мекунанд.

Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба куштау захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп