Ноябр 13, 2016 12:50 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи амалиёти озодсозии Мусил аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри бостонии Нимруд хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, генерал-майор Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти озодсозии Мусил эълом кард, нерӯҳои Ироқ бомдоди рӯзи панҷшанбе амалиёти озодсозии шаҳри бостонии Нимрудро, ки дар 30-километрии ҷанубу шарқи Мусил воқеъ аст, оғоз кардаанд.

Шаҳри бостонии Нимруд пас аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ дар ду соли гузашта дучори осебҳои ҷиддӣ шуда, террористҳо бисёре аз осори бостонии ин шаҳрро нобуд кардаанд. Ҳамчунин нерӯҳои мардумии Ироқ рӯзи панҷшанбе се русторо дар ҷануби шаҳри Талъафар, ғарби Мусил аз ишғоли ДИИШ озод карданд.

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17-уми октябри соли 2016 бо фармони Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шудааст. Артиш, басиҷи мардумии Ироқ ва нерӯҳои пешмаргаи курд дар ин амалиёт ҳузур доранд.