Декабр 11, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф : Ҳамаи миллатҳои мусулмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом тавонҳои хешро ҳамафзо кунанд
    Қолибоф : Ҳамаи миллатҳои мусулмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом тавонҳои хешро ҳамафзо кунанд

Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар шонздаҳумин конфронси Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки ба мизбонии Туркия баргузор шуд, масъалаи Фаластинро муҳимтарин авлавияти ҷаҳони Ислом донист .

Дастури ҷаласаҳои ин конфронс ба самти мавзӯи Фаластину Афғонистон нигаронида шуда буд .

Қолибоф бо баёни инки кишварҳои исломӣ дар даҳаҳои ахир ба мадди талошҳои миллӣ барои тавсеъа дар бахшҳои гуногуни ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳаракати навинеро оғоз кардаанд, гуфт: Аммо ин таҳаввули тадриҷии замонӣ ояндаи навидбахшеро барои ҷаҳони Ислом рақам хоҳад зад, ки ҳамаи миллатҳои мусулмон бо ваҳдат дар атрофи арзишҳои муштараки исломӣ, барои ҳалли мушкилоти ҷаҳони Ислом тавоноиҳои хешро ҳамафзоӣ кунанд.

Қолибоф дар суханонаш бо ишора ба вазъияти Фаластин гуфт: Акнун беш аз ҳафт даҳа аст, ки дунё наззорагари сиёсатҳову иқдомоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар поймолсозии бунёдини ҳуқуқи башар ва каромати мардуми Фаластин аст . Аммо саволе ки вуҷуд дорад ин аст, ки кишварҳои исломӣ чӣ иқдоми таъсиргузоре дар ин замина кардаанд? Ин саволе аст, ки посух ба онро мебоист дар вазъияти феълии миллати Фаластин ва идомаи зулму ишғолгарии Исройил алайҳи як миллат мушоҳида кард .
Ҳимоят аз миллати Фаластин ду ҷанбаи муҳим дорад, ки ҷанбаи нахусти он ҳимоят аз муқовимат ва истодагӣ дар муқобили ишғолгар барои поён додан ба як зулми торихӣ аст .

Аммо ҷанбаи дуввуми масаъла ; зарурати эҷоди ҳамбастагии воқеӣ байни кишварҳои исломӣ барои ҳалли масойили ҷаҳони Ислом аст . Бо таъкид бар ҳамин нукта аст, ки раиси қувваи қонунгзории Ҷумҳурии исломии Эрон иттиҳод, ҳамгаройӣ ва мушорикат миёни мусулмононро муҳимтарин мавзӯи роҳбурдии ҷаҳони Ислом баршумурд ва тасреҳ кард,ки ин муҳим бояд мавриди инояти вижаи Иттиҳодияи байнул-маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ қарор дошта бошад .
Ҳаводис ва рухдодҳои Фаластин нишон медиҳад, ки бо сукут ва беамалӣ наметавон зулмеро, ки дар ҳаққи як миллат ҷорӣ шудааст аз байн бурд. Дар ин моҷарои дардовар ҳамаи чизи як миллат; сарзаминаш ва ҳурмату ҳуввияташ мусодира шудааст. Режими Исроил дар ин таҷовузи ошкор усули маншури Созмони Миллалро поймол кардаву масъули оворагии беш аз 5 миллион фаластинӣ аст . Режими ҷинояткори Исройил аз замони эъломи мавҷудияти ғайриқонунии худ дар соли 1948 ба дунболи ду ҳадаф будааст :
Ҳадафи нахуст ; Ба даст овардани қонуният дар айни ишғолгар будан аст, ки ин ҳадаф амалӣ нашуда, зеро муқовимати Фаластин  қонунияти режими Исроилро ба чолиш кашидааст(дучори мушкил кардааст) .
Шайх Моҳир Ҳамуд-раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимати Лубнон бо таъкид бар ин нукта, ки Қудсу Фаластин масаълаи нахуст ва меҳваритарин масъалаи ҷаҳони Исломро ташкил медиҳанд, хотирнишон мекунад: Пирӯзиҳои муқовимат дар соли 2006 ва дастоварди муқовимати Ғазза дар солҳои 2009, 2012 ва 2014 боиси шикасти нақшаи Амрикову Исройил барои тағйири марзҳои ҷуғрофиёии кишварҳои исломӣ шуд. Муқовимат, аммо ниёз ба ҳимоят дорад .
Ҳадафи дуввуми Исройил: Тасаллут бар Байтулмуқаддас ба унвони қиблаи нахусти мусулмонон ва аз байн бурдани ҳуввияти торихии як миллат аст . Амрикову режими саҳюнистӣ дар идомаи ин равандҳо  дар саҳнаи сиёсӣ ба дунболи он ҳастанд, ки бо оддисозии равобити режими ҷинояткори Исройил бо режимҳои арабии минтақа масаълаи Фаластинро барои ҳамеша ба фаромушӣ бисупоранд .
Бешубҳа ҳаққи бозгашт, ҳаққи таъйини сарнавишт ва ҳаққи таъсиси як давлати мустақили тамомфаластинӣ аз сарфаслҳои муҳими ҳуқуқи миллати Фаластин дар чорчуби маншури ҳуқуқи байналмилалӣ аст .
Ҷумҳурии исломии Эрон бар ин бовар аст, ки барқарории сулҳи одилонаву фарогир дар ҷаҳон, ҷуз аз тариқи поён додан ба зулму зургӯӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи миллатҳо,арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ ва пойбандӣ ба асли таъйини сарнавишт тавассути миллатҳо, ҳосил намешавад . Суханони раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар шонздаҳумин конфронси Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ва зарурати ҳимояти кишварҳои исломӣ аз миллати Фаластин бар ҳамин мавзӯъ таъкид дорад .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп