Ноябр 13, 2016 13:55 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишинии се бародари фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил

Кумитаи умури асирон ва озодагони Фаластин аз идомаи гуруснанишинии се бародари фаластинии дар зиндонҳои режими Исроил, ки аз 10 рӯзи пеш гуруснанишиниро оғоз кардаанд, хабар дод.

     Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Фаластин ал-Явм”, Кумитаи умури асирон ва озодагони Фаластин, рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, Абдусслом, Назол ва Нуриддин Умр аз сокинони Қалақилия дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун, ки дар асорати режими Исроил ҳастанд, дар эътироз ба ҳабси инфиродии тулонии худ, гуруснанишинӣ кардаанд.

  Дар баёнияи ин кумита омадааст, Нуриддин аз 14 соли пеш ба 55 сол ҳабс маҳкум шуд ва аз ду соли пеш дар утоқи инфиродӣ басар мебарад.

   Абдусслом ва Низол низ се соли пеш ба ҳабси абад маҳкум шуданд ва ҳамонанди бародари худ, дар утоқи инфиродӣ басар мебаранд.

  Бино ба гузориши идораи омори марказӣ ва Вазорати умури асирони Фаластин, аз соли 1967 токунун дастикам 208 асири фаластинӣ дар натиҷаи хушунат, шиканҷа, кӯтоҳии пизишкӣ, истифода аз зури кушанда, қатли барқасдона ва тирандозии мустақим дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.