Таъкиди Алкозимӣ бар хурӯҷи неруҳои размии Амрико аз Ироқ
(last modified Sun, 12 Dec 2021 11:28:03 GMT )
Декабр 12, 2021 16:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Алкозимӣ бар хурӯҷи неруҳои размии Амрико аз Ироқ

Нахуствазири Ироқ аз хурӯҷи наздикҳангоми низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ,  Мустафо Алкозимӣахуствазири Ироқ гуфт: Тайи чанд рӯзи оянда ҳамаи неруҳои размии Амрико дар чорчуби тавофуқи роҳбурдӣ бо ин кишвар аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд .
Алкозимӣ таъкид кард,ки нақши неруҳои амрикоӣ дар Ироқ дар заминаи мушовираӣ хоҳад буд ва хурӯҷи низомиёни Амрико нишонгари тавоноии ҳифзи амнияту суботи Ироқ, тавассути ҳамаи неруҳои ироқӣ аст .
Ин дар ҳоле аст, ки Мэтью Толлер-сафири Амрико дар Бағдод дар дидор бо Алкозимӣ зимни таъкид бар нақши Ироқ дар тақвияти амнияту суботи минтақа, пешрафтҳои ҳосилшуда дар поён ёфтани нақши размии неруҳои эътилофи Амрико дар Ироқро баррасӣ карданд.

Порлумони Ироқ : низомиёни Амрикое бояд аз Ироқ хориҷ шаванд

Вазорати дифои Ироқ : хурӯҷи Амрико аз пойгоҳҳо таъсиӣ дар амният Ироқ надорад

Бағдод ва Вашингтон 26 июли гузашта ба тавофуқ расиданд, ки неруҳои размии Амрико то поёни соли ҷории милодӣ аз Ироқ хориҷ шаванд ва танҳо теъдоде аз неруҳои амрикоӣ барои мушовараву омӯзиши неруҳои ироқӣ боқӣ бимонанд .
Неруҳои Амрико дар соли 2014 вориди Ироқ шуданд . Амрико ба ин баҳона 3000 неру бо иддаои эътилофи байналмиллалии мавсӯм ба зидди ДИИШ, ки 2500 тан аз онҳо амрикоӣ буданд, вориди ин кишвар кард . Пас аз эъломи пирӯзӣ бар ДИИШ аз сӯи Бағдод мардуму давлати Ироқ бар зарурати хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз кишвар таъкид карданд.