Ҳазинаи миллиардии Арабистон барои тарвиҷи ваҳҳобият
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i7822-Ҳазинаи_миллиардии_Арабистон_барои_тарвиҷи_ваҳҳобият
Як сенатори амрикоӣ эълом кард, Арабистони Саудӣ барои тарвиҷи ваҳҳобият миллиардҳо доллар ҳазина кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 13, 2016 14:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи миллиардии Арабистон барои тарвиҷи ваҳҳобият

Як сенатори амрикоӣ эълом кард, Арабистони Саудӣ барои тарвиҷи ваҳҳобият миллиардҳо доллар ҳазина кардааст.

Крис Марфи, узви бонуфузи Маҷлиси Санои Амрико гуфт, 24 ҳазор мадрасаи динӣ дар Покистон вуҷуд доранд, ки ҳазорон адад аз ин мадраса аз сӯйи Арабистон тағзияи молӣ ва фикрӣ мешаванд.

Вай афзуд, ин мадорис эҳсосоти зиддишиӣ ва зиддиарабиро тарвиҷ медиҳанд.

Крис Марфи хотирнишон кард, аз соли 1960 то кунун Арабистон садҳо миллиард доллар дар марокиз ва мадориси динии мухталиф дар сатҳи ҷаҳон, ба вижа дар Покистон барои густариши ваҳҳобият ҳазина кардааст.