Декабр 15, 2021 15:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми эъдоми се террористи диишӣ дар Ироқ иҷро шуд

Ҳукми эъдоми се террористи диишӣ пас аз тайи мароҳили қонунӣ дар Ироқ иҷро шуд.

Ду манбаи хабарии амниятии ироқӣ эълом карданд, се террористи диишӣ дар зиндони Алҳути Ироқ бо таноби дор эъдом шуданд.

Ба гуфтаи ин манобеи амниятӣ, ин се нафар маҳкум ба анҷоми ҳамалоти террористӣ буданд ва пас аз гирифтани таъйидияҳои мухталиф, саранҷом дар зиндони Алҳут, дар шаҳри Анносирияи Ироқ ба унвони танҳо зиндоне, ки ҳукми эъдом дар он иҷро мешавад, ба дори муҷозот овехта шуданд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, яке аз эъдомшудагон дар инфиҷори Анносирия тобистони соли 2013 ва ду тани дигар дар инфиҷори устони Карбало даст доштаанд.

Аҳмад Алъайби, сухангӯи Вазорати додгустарии Ироқ дар моҳи сентябр гуфта буд, тақрибан беш аз 50 ҳазор террористи зиндонӣ дар Ироқ ҳастанд ва ниме аз онҳо ба эъдом маҳкум шудаанд.

 

Барчасп