Муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i78298-Муқобилаи_падофанди_ҳавоии_Сурия_бо_ҳамлаи_мушакии_режими_саҳюнистӣ
Расонаҳои сурӣ бомдоди панҷшанбе аз муқобилаи падофанди ҳавоии ин кишвар бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ хабар доданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 16, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ

Расонаҳои сурӣ бомдоди панҷшанбе аз муқобилаи падофанди ҳавоии ин кишвар бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаругзории расмии Сурия "Соно" эълом кард, падофанди ҳавоии артиши ин кишвар чандини мӯшакро бар фарози атрофи Димишқ, раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.

Ба навиштаи манбаъ, душмани саҳюнистӣ ин ҳамларо аз минтақаи Ҷавлони ишғолии Сурия анҷом додааст.

Дар ин ҳамла як сарбози сурӣ кушта шуд.

Режими саҳюнистӣ ҳамвора барои ҳимояту пуштибонӣ аз террористҳо, мавозеъи артишу зерсохтҳои Сурияро ҳадаф қарор медиҳад.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муъодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.