Тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар Лоҳур
Мардуми Покистон дар маҳкумияти иқдоми бархе кишварҳои арабӣ дар барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ тазоҳуроти густардае дар шаҳри Лоҳур баргузор карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тазоҳуроти бузурги зиддисаҳюнистӣ бо ҳузури раҳбарони Наҳзати бедории уммати Мустафо ( с ) ва ҳизби Ҷамоати исломӣ аз масҷиди Шуҳадои шаҳри Лоҳур то муқобили бинои порлумони иёлатии Панҷоб баргузор шуд.
Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиорҳои зиддиамрикоӣ ва саҳюнистӣ, ҳамдастии режими ишғолгари Қудс бо қудрати истикборӣ барои ҳадаф қарор додани миллатҳои минтақа аз ҷумла ташдиди ғорати сарзаминҳои фаластиниро маҳкум карданд .
Бештар бихонед :
- Тазоҳуроти ҳазорон исроилӣ дар Қудс ва Тел-Авив бо дархости истеъфои Натанёҳу
-
Тазоҳуроти мардуми Урдун дар эътироз ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ
-
Тазоҳуроти тунисиҳо алайҳи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ