Ҳалокати теъдоди аз унсурҳои ДИИШ дар устони Аланбори Ироқ
Декабр 23, 2021 19:40 Asia/Dushanbe
Устондори Аланбори Ироқ аз ҳалокати қобили таваҷҷуҳ аз аъзои гурӯҳи терористии ДИИШ дар саҳрои ин устон хабар дод.
Алӣ Фарҳон, устондори Аланбори Ироқ гӯфт, пайкари унсорҳои ДИИШ дар саҳрои Аланбор ва манотиқи марзӣ, тавасути артиши Ироқ ва неруҳои амнитии ин кишвар идома дорад ва то кунун дар амалиётҳои мухталифи амниятӣ дар ин манотиқ теъдоди зиёде аз унсурҳои ДИИШ ба ҳалокат расиданд.
- Фарҳон бо баёни ин ки амалиёти мубориза бо унсурҳои ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ идома дорад афзуд, ин амалиёт ба сурати ҳафтагӣ ва гоҳ рӯзона идома меёбад, бархилофи гузашта, ки ДИИШ-иҳо дар куча ва хиёбонҳо дида мешуданд, имрӯз ибтикори аслӣ дар дасти неруҳои амниятии Ироқ аст.
Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар ноябри 2017 ҳануз ҳастаҳои хомуши ин гурӯҳи терористӣ дар бархе манотиқи Ироқ баъз вақтҳо амалиёти терористи анҷом медиҳанд.
Барчасп