Яҳё Сариъ: Устони Алҷуф ба таври комил озод шудааст
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман зимни эъломи хабари озодии комили устони Алҷуфи Яман гуфт : Неруҳои мусаллаҳи Яман дар паи интиқол ба марҳилаи ҷадиде аз муқобила бо душман ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабкаи телевизиюнии Алмасира, Яҳё Сариъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дар нишасти хабарӣ гуфт : Неруҳои мусаллаҳи мо муваффақ шуданд минтақаи Алитма ва манотиқи атрофи онро дар устони Алҷуф озод кунанд ва неруҳои душману муздӯрону хоинон ва дастнишондагони ононро дар амалиёти низомии густардае, ки бо унвони амалиёти сипедаи дами Саҳро анҷом шуд, ақиб биронанд.
Сариъ афзуд ин амалиёт ба озодсозии комили минтақаи Алитма ва атрофи он ба масоҳати беш аз 1200 километри мураббаъ ва ворид омадани хисороти сангин ба неруҳои душман ва ба ғанимат гирифта шудани миқдори зиёди силоҳи мунҷар ва устони Алҷуф ба ғайр аз бархе манотиқи саҳроӣ озод шуд.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман бо баёни ин ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвари дар пайи интиқол ба марҳилаи ҷадидӣ аз муқобила бо мутаҷовизон ҳастанд, аз ҳамаи мардуми озодаи Яман хост дар набарди озодӣ ва истиқлоли фаъолона ширкат кунанд .
Сариъ тасреҳ кард неруҳои мусаллаҳи Яман ба мардуми ин кишвар итминон медиҳанд гузинаҳои муносибе дар посух ба ҳамаи ҷиноёту таҷовузоти душманон дар ихтиёр доранд, ки ҷузъиёти ин амалиёт дар рӯзҳои оянда эълом хоҳад шуд .
Бештар бихонед :
- Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест
- Инҳидоми як паҳподи ҷосусии эътилофи Саудӣ дар марзи Яман
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад