Декабр 28, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
  • Димишқ: Ҷулон бахши ҷудонопазири хоки Сурия аст

Вазорати хориҷаи Сурия рӯзи душанбе талоши саҳюнистҳо барои густариши шаҳраксози дар Ҷулони ишғолии Сурияро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати хориҷаи Сурия дар баёнияе бо маҳкум кардани иқдомоти таҳрикомези саҳюнистҳо дар Ҷулони ишғолии Сурия гуфт, Ҷулон бахши ҷудоинопазири хоки Сурия аст.

Вазорати хориҷаи Сурия дар ин баёния бар талоши Димишқ барои бозгардондани Ҷулон ба хоки Сурия таъкид ва хотирнишон кард, бозгардондани Ҷулон ба хоки Сурия як ҳаққи абадӣ аст.

Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳоди Араб низ рӯзи душанбе дар баёнияе, зимни маҳкум кардани тарҳи ғайриқонунии режими саҳюнистӣ барои тавсеаи шаҳраксозӣ дар Ҷулони ишғолии Сурия таъкид кард, ишғоли режими саҳюнистӣ дар минтақаи Ҷулон ва тарҳҳои ин режим барои афзоиши шаҳраксозӣ  дар ин минтақа нақзи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қонунҳои байналмилалӣ аст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе аз тасмими ин режим барои густариши шаҳраксозӣ дар минтақаи Ҷулони ишғолии Сурия хабар доданд.

Режими саҳюнистӣ дар соли 1967 ҳудуди 200 километр аз хоки Сурия дар баландиҳои Ҷулонро ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои ишғолӣ пайваст кард, ки ҷомеаи байналмилал ҳаргиз ин пайвастро ба расмият нашинохтааст.

Шӯрои амният низ ин минтақаро ишғолӣ хондааст.

Давлати Амрико аммо тарафдори ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп