Декабр 30, 2021 10:44 Asia/Dushanbe
  • Газофагӯии ҷадиди подшоҳи Арабистон алайҳи Эрон

Подшоҳи Арабистон бори дигар иттиҳомот ва иддаоҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эронро такрор кард.

Салмон бин Абдулазиз тайи суханронии маҷозии солона дар Маҷлиси Шӯрои Арабистон, Ҷумҳурии исломии Эронро ба анҷоми рафторҳои мухарриб муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, Эрон омили буҳронҳо ва мушкилоти минтақа аст.

Подшоҳи Арабистон дар идомаи лаффозиҳои худ ҳамчунин Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳамкорӣ накардан бо ҷомеаи байналмилал дар хусуси барномаи ҳастаӣ муттаҳам кард.

Ин иддаои музҳики подшоҳи Арабистон дар ҳоле аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун борҳо сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаӣ ва пойбандии Эрон ба БарҶомро таъйид кардааст.

Мақомоти Арабистон муддато аст ҳамсӯ бо мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ иддаоҳои дурӯғинеро алайҳи Эрон матраҳ мекунанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ - саудӣ дар минтақа дорад.

Иттиҳомзании подшоҳи Арабистон алайҳи Эрон дар ҳоле аст, ки Яман дар беш аз 6 соли гузашта омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи эътилофи саудӣ - иморотӣ будааст.

 

Барчасп