Январ 01, 2022 16:02 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ироқиҳо дар дувумин солрӯзи шаҳодати фармондеҳони муқовимат

Маросими миллионии маҳкӯмияти ҷинояти террори фармондеҳони пирӯзӣ, имрӯз шанбе дар остонаи фарорасидан дувумин солгарди шаҳодати шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис дар Ироқ баргузор мешавад.

Ба гузориши Бағдод Ал Явм, аз авалини сооти субҳи имрӯз шанбе ҳаракати мардуми Ироқ дар бархе аз нуқоти Бағдод барои мушорикат дар маросими миллионии маҳкӯмияти ҷинояти террори фармондеҳони пирӯзӣ, сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, фармондеҳи неруҳои басиҷи мардумии Ироқ оғоз шудааст.

Бар асоси ин гузориш, мукабҳое низ ба манзури истиқбол аз тазоҳуроткунандагон дар чандин мисир барпо шудаанд.

Рӯзи гузашта (ҷумъа), ҳайати басиҷи мардумии Ироқ бо судӯри фарохони умумӣ аз баргузории роҳпаймоии худрави таҷаммуи эътирозӣ дар майдони Ал Таҳрири Бағдод ба муносибати дувумин солгарди шаҳодати фармондеҳони пирӯзӣ хабар доду ҳузури густардаи мардум дар ин тазоҳуротро хостор шуд.

Дар ҳамин хусӯс, расонаҳои ироқӣ аз мушорикати туркмонҳо ва сокинони Талафар ва Найнаво дар маросими миллионии маҳкӯмияти террори фармондеҳони пирӯзӣ хабар дода ва эълом карданд, ҳавопаймои амрикоӣ барои расади маросими миллионӣ ба парвоз даромадаанд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, сеюм январи 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.

 

 

Барчасп