Вазири хориҷаи Яман: Шаҳид Сулаймонӣ ёвари мазлӯмон ва мустазъафон буд
(last modified Tue, 04 Jan 2022 08:09:46 GMT )
Январ 04, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Яман: Шаҳид Сулаймонӣ ёвари мазлӯмон ва мустазъафон буд

Вазири хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, шаҳид Қосими Сулаймонӣ ёвари мазлӯмон ва мустазъафону маҳбӯби тамоми мардуми дунё буд.

Ҳишом Шараф, вазири хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман изҳор дошт, мактаби мубориза ва зиндагиномаи шаҳид Қосими сулаймонӣ сардор «Қосими Сулаймонӣ», фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ ҳамчунон шуълаи фурӯзоне аст, ки ҳамаи инқилобиюни озодаи ҷаҳон, аз он нур мегиранд.

Вай бо баёни инки, нерӯҳои муқовимат дар баробари зулму таҷовузгарӣ дар Яман, аз шаҳид Сулаймонӣ илҳом гирифтанд, гуфт, шаҳид Сулаймонӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки аз ҳақ ва мазлӯмони минтақа дифо кард ва ба ҳамин далел ҷаҳон ӯро дӯст дошт.

Вазири хориҷаи Яман бо ишора ба нақши шаҳид Сулаймонӣ дар шикасти душманони миллати Сурия ва меҳвари муқовимат дар ин кишвар таъкид кард, ҳамон гуна, ки бархе аз афрод, дастовардҳои худро дар эътилои ҷойгоҳи миллатҳои худ ва посдорӣ аз дастовардҳои онон мондагор карданд, таърих низ шаҳид Қосими Сулаймониро ҷовидон кард.

Сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳди Алмуҳандис муъовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва теъдоде аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа 3 январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.