Таъкиди дубораи Муқтадо Садр бар ташкили давлати аксарияти миллӣ
Раиси ҷараёни Садри Ироқ бори дигар бар мавзеи худ дар бораи ташкили давлати аксарияти миллӣ таъкид кард.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Муқтадо Садр, раиси ҷараёни Садр бо интишори паёме навишт: Ҳанӯз бо Кумитаи ҳамоҳангӣ (дигар гуруҳҳои шиъӣ) дар хусуси ташкили кабина ба тавофуқе даст наёфтааст.
Садр дар ин паём афзуд, дарҳо ба рӯи онҳое, ки ҳанӯз дар бораи онон гумони нек дорем, барои ташкили як давлати аксарияти миллӣ боз аст.
Раиси ҷараёни Садр бо ишора ба ин ки ин ҷараён ба ҳеч кас иҷоза нахоҳад дод, шарикон ва ё сулҳи дохилиро таҳдид кунад, афзуд: Давлати баъдӣ давлати қонун аст, ки дар он ҷое барои ҳеҷ тахаллуфе аз ҷониби ҳеҷ кас вуҷуд надорад ва қонун ҳоким хоҳад буд.
Ҷараёни Садр дар интихоботи ахири Ироқ бештарин теъдоди курсӣ, яъне 73 курсӣ ва пас аз он эътилофи Тақаддум 37 курсӣ, Эътилофи Дували қонун 33 курсӣ ва Ҳизби демократ 31 курсӣ ба даст оварданд. Бо ин ҳол ҷараёни Садр барои ташкили кабина ниёз ба эътилоф бо дигар фраксиюнҳо дорад.
Бештар бихонед:
- Интиқоди Ҳизбуллоҳи Ироқ аз натоиҷи интихоботи парлумонии ин кишвар
- Ҳушдори Козимӣ ба қонуншиканиҳо дар натоиҷи интихоботи Ироқ