Январ 20, 2022 22:31 Asia/Dushanbe
  • Аммор Ҳаким хостори ташкили давлати мутаъодил дар Ироқ шуд

Раиси эътилофи Қавиул Давлатул Ватанияи Ироқ хостори ташкили як давлати мутаъодил дар чорчуби Қонуни Асосӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Мавозин ниюз, Аммор Ҳаким пас аз дидор бо Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ дар баёнияи гуфт: Мо хостори ташкили давлати мутавозен мутобиқ бо замонбандии Қонуни Асосӣ ва аҳамияти анҷоми вазифаҳои давлати баъдӣ дар ироаи хадамот ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ ва ру ба ру шудан бо бисёре аз чолишҳо ва дар назар доштани авлавиятҳо ҳастем.

Раҳбари ҷараёни ҳукумати миллии Ироқ гуфт: Дар бораи масоили амниятӣ бар лузуми тақвияти беш аз пеш талошҳои итилоъотӣ ва тадовуми амалиёти пешгирона таъкид кардем ва хостори дар назар гирифтани манофеъи шаҳрвандон дар тасмимгириҳо ва мавзеъгириҳо шудем.

Ин рӯзҳо гуруҳҳои сиёсии Ироқ бо руи кор омадани Парлумони нави ин кишвар ба дунболи интихоботи парлумонии Ироқ, дар ҳоли ройзанӣ барои ташкили давлати ояндаи Ироқ ҳастанд.

Ҷараёни ҳукумати миллии Ироқ яке аз гуруҳҳои кумитаи ҳамоҳангии аҳзоби шиъаи Ироқ аст, ки ин рӯзҳо дар ҳоли ройзании ҷадид барои ташкили фроксиюни бузургтар аз байни шиъаён дар Порлумони Ироқ ва ба дунболи он ташкили давлати оянда ҳастанд.

 

Барчасп