Январ 21, 2022 22:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди ДИИШ ба мақарри артиши Ироқ дар шарқи ин кишвар

Расонаҳои ироқӣ аз ҳамлаи ғофилгиронаи афроди ДИИШ ба яке аз мақарҳои артиши Ироқ дар шарқи ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Алъаҳд”, як манбаи амниятии ироқӣ эълом кард, рӯзи ҷумъа афроди созмони террористии ДИИШ ба як мақарри артиши Ироқ дар ноҳияи Алъазим, воқеъ дар устони Диёла ҳамла кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла 11 неруи артиши Ироқ, аз ҷумла як афсар кушта шуданд.

Ин манбаи амниятӣ эълом кард, аносири созмони террористии ДИИШ бо муҳимоту аслиҳаҳои нимасангин ба сурати ғофилгирона ба яке аз мақарҳои артиши Ироқ миёни деҳаҳои Алтолиъа, Вом ва Алкарамӣ ҳамла карданд.

Тибқи гуфтаи ин манбаъ, барои пуштибонӣ аз неруҳои артиши Ироқ ва хунсо кардани ҳамалоти террористӣ, таҷҳизоти размӣ ба маҳал ирсол шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки манобеи расмии Ироқ ҳанӯз вокунише ба ин ахбор нишон надодаанд ва омори расмиро эълом накардаанд.

 

 

 

 

Барчасп