Январ 23, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардуми Ғазза дар ҳимоят аз мардуми Яман

Мардуми борикаи Ғазза шанбешаб дар ҳимоят аз миллати мазлуми Яман ба хиёбонҳо омаданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми борикаи Ғазза дар ин роҳпаймоӣ зимни ибрози ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Яман хостори таваққуфи таҷовузгарии эътилофи саъӯдӣ ба ин кишвар шуданд.
Ин роҳпаймоӣ дар паии фарохони Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин баргузор шуд.
Холид Албаташ-узви дафтари сиёсии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар ин роҳпаймоӣ бо маҳкум кардани ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ ба Яман тасреҳ кард: Арабистону муттаҳидонаш ба ҷои муқобила бо ишғолгарони саҳюнист, ғайринизомиёни яманиро ҳадаф қарор медиҳанд .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

 

Барчасп