Юриши шаҳракнишинон саҳюнист ба шаҳри Наблус дар Карона Бохтарии руди Урдун
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i80330-Юриши_шаҳракнишинон_саҳюнист_ба_шаҳри_Наблус_дар_Карона_Бохтарии_руди_Урдун
Гурӯҳе аз шаҳракнишинони саҳюнист таҳти ҳимояти низомиёни режими ишғолгар ба ҷануби Наблус дар Каронаи Бохтарии руди Урдун юриш бурданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 25, 2022 15:06 Asia/Dushanbe
  • Юриши шаҳракнишинон саҳюнист ба шаҳри Наблус дар Карона Бохтарии руди Урдун

Гурӯҳе аз шаҳракнишинони саҳюнист таҳти ҳимояти низомиёни режими ишғолгар ба ҷануби Наблус дар Каронаи Бохтарии руди Урдун юриш бурданд.

Ба гузориши хабарагузории фаластинии Маъо Авод Наҷм, сухангӯи ҷумбиши Фатҳ эълом кард, дар юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба ҷануби Наблус, теъдоде аз фаластиниён маҷрӯҳ шуданд ва бархе аз фаластиниён бар асари шиддати ҷароҳоти ворида ба бемористон мунтақил шуданд.

Сухангӯи ҷумбиши Фатҳ гуфт, шаҳракнишинон дар ҷараёни роҳпаймоӣ худреродар ин русто, ҳудӯди 50 худрав шишаҳои амокини тиҷориро бо санг шикаста ва тахриб карданд.

Аз сӯи дигар, Фаҳмӣ Ҳамад, шаҳрванди 57 солаи фаластинӣ низ дар юриши низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи « қлндё » дар қудси ишғолӣ ба шаҳодати расед .

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф, мардуми мазлӯми Фаластинро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд.