Таъкиди Муқтадо Садр бар ҳамбастагӣ миёни гуруҳҳои ироқӣ
(last modified Tue, 25 Jan 2022 17:04:29 GMT )
Январ 25, 2022 22:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Муқтадо Садр бар ҳамбастагӣ миёни гуруҳҳои ироқӣ

Раиси ҷараёни Садри Ироқ барои ҳалли ихтилофҳо ва иттиҳоду ҳамбастагӣ миёни гуруҳҳои ироқӣ таъкид кард.

Ба гузориши Садо ва Симо, Муқтадо Садр, раиси ҷараёни садрӣ Ироқ рӯзи сешанбе гуфт: Ҷараёни Садр ҳамчунон манофеъи умумиро ба манофеъи хуссусӣ бартар медонад.

Садр хотирнишон кард, дар он тавтеаҳо ҳамаро ба итоъат ва пайравӣ аз марҷеъият, марказияти марҷеъият ва руҷуъ ба дастурот ва тасмимоти он даъват кардам.

Раиси ҷараёни садрӣ Ироқ дар идома бар аҳамияти ҷойгоҳи Созмони Ал-Ҳашду Шаъбӣ ва эҳёи эътибор ва мавқеъияти он таъкид карду гуфт: Бисёре аз душманон дар талошанд барои беэътибор кардани мавқеъият ва эътибори он иқдом кунанд.

Паз аз тайиди натоиҷи интихоботи ахири парлумонии Ироқ гуруҳҳи муътариз ба натиҷаи интихобот эълом карданд, ки ба манзури ҳифзи манофеъи миллии кишвар бо гузашт аз ҳаққи худ ба ройзани бо гуруҳҳои сиёсӣ барои ташкили кобина хоҳанд пардохт ва дар ниҳоят давлати тавофуқи милли ё тавофуқи сиёсӣ дар кишвар ташкил хоҳанд дод.

Муқтадо Садр раҳбари ҷараёни Ироқ чаҳоршанбе 29 декабри 2021 дар Наҷафи Ашраф мизбони ҳайате аз чорчуби ҳамоҳангии гуруҳҳои сиёсии шиъа буд, пас аз ин дидор раҳбари ҷараёни садрӣ Ироқ дар паёми Твиттерӣ аз талош барои ташкили як давлати аксарияти миллӣ хабар дод ва навишт: Як давлати аксарияти милли на шарқӣ ва на ғарбӣ.

Ройзаниҳо бо ҷараёни Садр ҳамчунон идома дорад ва чорчуби ҳамоҳангии гуруҳҳои сиёсии шиъа ба дунболи ташкили як давлати тавофуқи миллӣ аст ва ҳануз машваратҳои ҳар ду тараф ба натиҷаи хуб нарасидааст.