Январ 27, 2022 15:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоёни корона дар миёни низомиёни саҳюнист

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ аз афзоиши мубталоён ба корона дар миёни низомиёни ин режим хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Маои Фаластин, Овихои Адриъи, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт, 16 ҳазору 180 сарбози артиши Исроил ба корона гирифтор шуданд.

Пас аз ин низ мавориди бисёре аз мубтало шудани низомиён ва мақомҳои артиши режими саҳюнистӣ ба корона ва ба карантин рафтани онҳо гузориш шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ низ гузориш дод, 76 ҳазору 17 нафар дар Фаластини ишғолӣ дар 24 соати гузашта ба корона мубтало шуданд ва 11 нафар низ ҷон бохтанд, ҳоли 59 нафар аз мубталоён хатарнок эълом шудааст.

Дар пайи густариши навъи Омикрон дар Фаластини ишғолӣ, режими саҳюнистӣ ба шидат даргири ин вирус шуд ва боло рафтани омори мубталоён ба корона дар ҷаҳон бар ҳасби ҷамъият дар Фаластини ишғолӣ ба сабт расидааст.

 

Барчасп