Январ 30, 2022 09:42 Asia/Dushanbe

Гурӯҳи ҳакерии мавсум ба «Асои Мусо» аз ҳаки муваффақи дурбинҳои мадорбаста дар Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, гурӯҳи ҳакерии «Асои Мусо», бомдоди ҷумъа, бо интишори тасовире дар канали “Телеграм”-ии худ хабар дод, ки дурбинҳои мадорбастаи хиёбонҳои Фаластини ишғолиро ҳак(рахна) кардааст.

Ин гуруҳи ҳакерӣ, ки пештар низ дар ҳамалоти сойберии худ ба ниҳодҳои режими саҳюнистӣ муваффақ амал карда буд, дар паёме ба ду забони ибрӣ ва англисӣ таҳти унвони «мо бо чашмони шумо мебинем», навишт: «Мо солҳо, дар ҳар лаҳза ва дар ҳар қадам шуморо зери назар доштем. Ин танҳо бахше аз назорати мо бар фаъолиятҳои шумо аз тариқи дастрасӣ ба дурбинҳои мадорбастаи дохилӣ аст. Гуфта будем, дар ҳоле, ки тасаввурашро ҳам намекунед, шуморо ҳадаф қарор хоҳем дод».

Гурӯҳи «Асои Мусо» пештар низ файлҳоеро шомили иттилооти ҷузъӣ аз садҳо низомии узви артиши режими ишғолгари Қудс ва тасовири шахсӣ аз Бенни Гантз, вазири ҷанги ин режимро дар муҳит «доркнет» ва «Телеграм» мунташир карда буд. Ин аввалин бор набуд, ки Бенни Гантз ҳадафи ҳамлаи сойберӣ қарор мегирифт. Сервиси амнияти дохилии режими саҳюнистӣ низ дар моҳҳои ахир эълом карда буд, ки назофатчии хонаи Бенни Гантз, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иттилоотеро дар ихтиёри як гуруҳи ҳакерӣ қарор додааст.

Дар моҳҳои гузашта низ ниҳодҳо ва ширкатҳои режими саҳюнистӣ ба таври мукаррар ҳадафи ҳамалоти сойберӣ қарор гирифтанд.

Рӯзи 28 июни рӯзномаи «The Jerusalem Post» гузориш кард, ки гурӯҳи ҳакерии мавсум ба “Сояи сиёҳ” серверҳои ширкати интерентии режими саҳюнистии «Cyberserve»-ро мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор дода ва онро аз дастрас хориҷ карда ва таҳдид ба ифшои иттилооти он кардааст.

 

Барчасп