Феврал 09, 2022 15:26 Asia/Dushanbe
  • Сурия ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Димишқро дафъ кард

Манобеи маҳаллии Сурия бомдоди чаҳоршанбе гузориш доданд, падофанди ҳавоии артиши ин кишвар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Димишқро дафъ кардааст.

Режими Исроил дар солҳои ахир борҳо ба Димишқ ва манотиқи мухталифи Сурия ҳамлаи ҳавоӣ карда, ки бо раҳгирии бамавқеи падофанди ҳавоии Димишқ, дар бештари мавоқеъ ин ҳамалот дафъ шудааст.

Бинобар эъломи “Алмаёдин”, падофанди ҳавоии артиши Сурия бо мушакҳои саҳюнистӣ дар атрофи Димишқ муқобила ва бештари онҳоро мунҳадим кардааст.

То кунун аз мизони хисорати эҳтимолии ин ҳамла ҷузиёте дар даст нест.

Артиши режими саҳюнистӣ 14 январ шаҳри Дайраззӯр ва минтақаи Албукамоли Сурияро бори дигар ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор дода буд.

Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Сурия чанд моҳ пас аз он рӯй медиҳад, ки Скотт Рейтер, узви пешини камиссиюни бозрасии силоҳҳои куштори ҷамъии Ироқ ҳушдор дода буд, ки идомаи ҳамалоти Исроил ба Сурия мумкин аст сабаби даргирии минтақаӣ шавад.