Таъкиди шайх Исо Қосим бар муқовимат дар муқобили созиш бо саҳюнистҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i81268-Таъкиди_шайх_Исо_Қосим_бар_муқовимат_дар_муқобили_созиш_бо_саҳюнистҳо
Раҳбари шиъаёни Баҳрайн муқовимат ва истодагии мусалмонон дар муқобили созиш бо режими саҳюнистиро хостор шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 14, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди шайх Исо Қосим бар муқовимат дар муқобили созиш бо саҳюнистҳо

Раҳбари шиъаёни Баҳрайн муқовимат ва истодагии мусалмонон дар муқобили созиш бо режими саҳюнистиро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Исо Қосим, раҳбари шиъаёни Баҳрайн дар маросими бузургдошти ёздаҳумин солрӯзи оғози инқилоби 14 феврали мардуми Баҳрайн гуфт: Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз ҳузури як афсари аршади артиши ин режим дар Баҳрайн ин аст, ки таҳаррукоти истеъмори ва мутаҷовизонаи худро аз Баҳрайн мудирият ва дастуроти худро мустақиман содир кунад.

Раҳбари инқилоби Баҳрайн ҳамчунин бар пешбурди ҷунбиши инқилобӣ тавассути мардуми Баҳрайн ба шакли якпорча ва муттаҳидона таъкид кард.