Феврал 20, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон : Оянда аз они Муқовимат аст

Раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба амалиёти паҳподии муваффақиятомези ин ҷумбиш дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ, ояндаро аз они Муқовимат эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард,ки як паҳпод аз навъ " Ҳассон "-ро, ки ба ёди шаҳид Ҳассон Алқайс ба ин исм номгузорӣ шудааст, ба муддати 40 дақиқа дар умқи 70 километрии осмони Фаластини ишғолӣ ба парвоз дар оварда ва пас аз амалиёти шиносоӣ ба саломат ба пойгоҳи худ дар Лубнон бозгаштааст .
Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин таъкид кард, ки бо вуҷуди талоши душман барои сарнагунии паҳподи Ҳассон, ин паҳпод пас аз анҷоми амалиёти муваффақиятомез ба саломат бозгашт.
Нуфӯзи ин паҳпод ба умқи қаламрави Фаластини ишғолӣ як бори дигар нокоромадии сомонаи дифои ҳавоии саҳюнистҳо мавсӯм ба Гунбади оҳанинро исбот кард .

Ба гузориши Алманор, Сайидҳошим Сафиуддин-раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни инки оянда аз они Муқовимат ва муъодилае аст, ки паҳподи « Ҳисон » онро тарсим карда аст, гуфт: Ончӣ дар оянда рух медиҳад, азимтар хоҳад буд .
Сафиуддин афзуд: Муқовимат бо вуҷуди онкӣ дар маърази шадидтарин ҳаҷмаҳои истикбори ҷаҳонӣ дар асри навин қарор гирифтааст, муъодилоти ҷадидеро тарсим ва дарвозаҳои васеъеро дар баробари худ мекушояд .
Раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни инки режими Исроил дар баробари тавонмандиҳои муқовимат шигифтзада хоҳад шуд, тасреҳ кард: Агар Амрико мехоҳад бо эҷоди фишор ва муҳосираи иқтисодӣ ва молии Лубнон, режими саҳюнистиро осудахаёл кунад, паҳподҳои муқовимат  Исроилро нигаронтар карданд .

Сафиуддин таъкид кард: Ба касоне, ки зери парчам Амрико ҳастанд ва интизори расидани пул аз кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форсро доранд мегӯям рӯзе хоҳад омад, ки орзуҳоятон бар бод меравад .

 

Барчасп