Феврал 22, 2022 18:24 Asia/Dushanbe
  • Санъо: Созмони Миллал парванди башардустонаро сиёсӣ мекунад

Сарпарасти Вазорати ҳуқуқи башари давлати наҷоти миллии Яман бо интиқод аз мавзеъи дугонаи Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард, Созмони Миллал парвандаи башардустонаро сиёсӣ мекунад ва бар ҷиноятҳои мутаҷовизон сарпуш мегузорад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар карда аст. Ҷангафрузии Арабистони Саъудӣ ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шуда аст.

Ончи дар ҷангӣ Яман фориғ аз вайронӣ ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён аз сӯи Эътилофи Саъудӣ қобили таваҷҷуҳ аст мавозеъи ҷонибдоронаи Созмони Миллал ва Шӯрои амният аз мутаҷовизон аст.

Шикасти Шӯрои амнияти Созмони Миллал дар поён додан ба ҷанг ва муҳсираи Яман бо вуҷуди ҳамаи мусибатҳои миллати Яман, таъкиде бар бозӣ кардани ин Шӯро бо парвандаи Яман аст ва то замоне, ки Амрико аз ҷумлаи бозигарони ин ҷанг аст, ҳеҷ тасмиме барои таваққуфи ҷанг аз сӯи Шӯрои Амният содир нахоҳад шуд.

Ба гузориши Алмасира, Алӣ Алдиламӣ, сарпарасти Вазорати ҳуқуқи башари Яман хотирнишон кард, Созмони Миллал ба ҷоӣ ин ки зомини ҳуқуқи ғайринизомӣ бошад, иқдом ба пушиши ҷиноятҳои мутаҷовизон ва сиёсӣ кардани парвандаи башардустона мекунад.

Алдиламӣ афзуд, ниҳодҳои Созмони Миллал дар ҷиноятҳои нерӯҳои мутаҷовиз зидди ғайринизомиён ва оворагон махсусан дар Яман ғойб ҳастанд ва ҳузур надоранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп