Феврал 28, 2022 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳон аз султаи Ғарб ба сутуҳ омадааст

Мушовири раиси ҷумҳурии Сурия таъкид кард, ҷаҳон аз султаи Ғарб ба сутуҳ омадааст ва ниёзи мубраме ба як низоми ҷаҳонӣ дорад, ки ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳуқуқи байналмилал эҳтиром бигузорад.

Ба гузориши «Алахборич», Басина Шаъбон, мушовири Башшор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар вокуниш ба рухдодҳои ахири Украина гуфт, ҷанг дар Украина ба равобити Русия ва Ғарб иртибот дорад, зеро Ғарб ба тааҳҳудоти худ дар бораи густариши НАТО дар Шарқ мутааҳҳид набуд ва ба ҳамин далел Русия чораи дигаре надошт ва агар ин иқдомро анҷом намедод, зарари ин кишвар бисёр бештар буд.

Шаъбон афзуд, Сурия низ ҳамин таҷрибаи Русия бо Ғарбро дорад ва таҳримҳои золимонаи Ғарб алайҳи миллати Сурия ба марзи муҷозотҳои гуруҳӣ расидааст.

Мушовири раиси ҷумҳурии Сурия бо баёни ин ки Ғарб барои махдуш кардани тасвири Русия ва таҳаққуқи аҳдофи худ аз истилоҳоти мухталифе истифода мекунад, гуфт: Ғарб рӯ ба уфул ва Шарқ рӯ ба сууд аст, аз ин рӯ рухдодҳои имрӯз таклифи ҳама чизро барои ҳаракат ба сӯи як ҷаҳони чандқутбӣ равшан хоҳад кард.

Русия эълом кард, амалиёти ин кишвар дар Украина ба манзалаи шуруи ҷанг нест, балки иқдоме барои ҷилавгирӣ аз як ҷанги ҷаҳонӣ аст.