Март 02, 2022 16:02 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони Яман тавассути ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши «Алмасира», ҷангандаҳои бомбафкани Эътилофи саудӣ дар соатҳои гузашта 29 бор ду шаҳристи устони Ҳаҷҷаро бомбаборон карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунин устонҳои Саъда, Алҷуф, Албайзо ва Маърибро низ ҳадаф қарор доданд.

Манобеи низомии Яман гузориш доданд, неруҳои Эътилофи саудӣ тайи 24 соати гузашта 120 бор оташбаси иддаоӣ дар устони Алҳудайдаи Яманро нақз карданд.

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз 18 декабри 2018 дар устони Алҳудайда, ғарби Яман оғоз шудааст, аммо Эътилофи Саудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.