Яҳуд Барак : Сайидҳасан Насруллоҳ нуқоти заъфи исроилиҳоро медонад
Нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ гуфт: Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон нуқоти заъфи исроилиҳоро медонад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои саҳюнистии Валла, Яҳуд Барак-нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ гуфт : Насруллоҳ як равоншиноси бузург аст, ки ба диққат метавонад иттилоотро таҳлил кунад .
Барак ба ин ҳад иктифо накарда ва таъкид кард, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон суханрони хубе аст ва бо маҳорати болое сухан мегуяд.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ пештар дар мусоҳибае бо шабакаи Алманори Лубнон гуфта буд : Тарҳи ҳақиқии Ҳизбуллоҳ адолат, сулҳ, муқовимат, пирӯзӣ, муҳофизат аз мардум, дифо аз озодӣ, меҳан ва муқаддасот аст.Исроил аз байн хоҳад рафт ва ин режим муваққат аст .
Дар маҷмӯъ метавон гуфт суханронии Насруллоҳ ба омили таъйинкунанда дар оромиши дӯстон ва нигаронии душманон табдил шудааст ва саҳюнистҳо суханони Сайидҳасан Насруллоҳро ба далели итминон аз сиҳҳати он ҳамвора дунбол мекунанд .