Хашми лубнониҳо аз тавҳини фарде ба акси шаҳид Сулаймонӣ
-
Хашми лубнониҳо аз тавҳини фарде ба акси шаҳид Сулаймонӣ
Манобеи расонаӣ аз вокуниши тунди мардуми Лубнон ба иқдоми тавҳиномези фарде, ки дар намоишгоҳи байналмиллаии китоби Бейрут ба акси шаҳид сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ анҷом дод хабар доданд.
Фарде ба номи Петрос Хурӣ, фаъол ва узви NGO, ки ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ мавриди ҳимояти сафорати Амрико дар Лубнон аст, асри душанбе дар ғурфаи Теҳрон намоишгоҳи байланмиллалии китоби Бейрут ба акси сардор Сулаймонӣ ҳамла кард ва шиори зиддиэронӣ сар дод.
Ба гузориши ЭронПресс, дар пайи ин иқдоми тавҳиномез, лубнониҳои дохили намоишгоҳ зимни ибрози эътироз ва хашми худ фарди мазкурро аз маҳали намоишгоҳ ихроҷ карданд.
Сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи 2020 барои анҷоми сафари корӣ ба Ироқ, ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Бағдод ба дастури давлати вақти Амрико бо ҳамлаи мушакӣ аз паҳподҳи амрикоӣ шаҳид шуд.