Март 13, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Ин пойгоҳҳо маркази пешрафтаи омӯзишӣ буда, ки ҳадафи ҳамлаи мӯшакҳои балластикӣ қарор гирифта аст
    Ин пойгоҳҳо маркази пешрафтаи омӯзишӣ буда, ки ҳадафи ҳамлаи мӯшакҳои балластикӣ қарор гирифта аст

Расонаҳои ироқӣ эълом карданд,ки 2 пойгоҳи Созмони иттилооту амалиёти вижа ( Моссад )-и режими саҳюнистӣ дар Арбил ҳадафи мӯшак қарор гирифтааст.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои ироқӣ ба нақл аз манобеи амниятӣ афзуданд ин пойгоҳҳо маркази пешрафтаи омӯзишӣ буда ва ҳадафи ҳамлаи мӯшакҳои баласстикӣ қарор гирифтааст.
Расонаҳо ба ҷузиёти бештари ин ҳамла ва мизони хисоратҳои эҳтимолӣ ишора накарданд .
Ҳануз манобеи расмии Ироқ ва мақомоти режими саҳюнистии ин хабарро таъйид ё такзиб накарданд.
Собирин ниюс вобаста ба неруҳои муқовимати Ироқ пештар эълом карданд, ки шанбешаб даҳҳо инфиҷор шаҳри Арбилро ларзондааст .
Гуфта мешавад 14 ракет ба пойгоҳҳои Амрико, воқеъ дар наздикии фурудгоҳи Арбил бархурд кард .
Бар асоси ин гузориш ожири хатари консулгарии Амрико дар Арбили Курдистони Ироқ низ ба садо даромадааст ва тамоми пойгоҳҳои низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба ҳолати омодабоши комил даромадаанд.
Бисёре аз мардуму гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи неруҳои террористи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп