Март 13, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 9 саҳюнист дар ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳҳои Моссад дар Арбил
    Ҳалокати 9 саҳюнист дар ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳҳои Моссад дар Арбил

Манобеъи ироқӣ аз ҳалокати 9 саҳюнист дар ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳҳои Моссад дар Арбили Ироқ хабар доданд.

2 пойгоҳи Созмони иттилоъот ва амалиёти вижа- "Моссад"-и режими саҳюнисти бомдоди имрӯз дар Арбили Ироқ ҳадафи мушак қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории "Меҳр" манобеъи хабарии Ироқ эълом карданд дар ин ҳамалот бархе аз неруҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.

Ин манобеъи ироқӣ номи 9 афсари саҳюнистиро, ки дар ин ҳамалот ба ҳалокат расиданд мушташир карданд.

Ҳамчунин расонаҳо аз оташсузӣ дар пойгоҳи низомии Амрико наздики фурудгоҳи Арбил хабар доданд.

Занги хатар дар консулгарии Амрико дар Арбил низ ба садо даромад.

Теъдоди зиёде аз ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ аз бомдоди имрӯз дар ҳоли парвоз дар осмони Арбил ҳастанд ва ҳамлу нақли ғайринизомии ҳавоӣ низ дар ин минтақа мутавақиф шуда аст.

 

Барчасп