Март 13, 2022 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба ду корвони пуштибонии артиши Амрико дар ҷануби Ироқ
    Ҳамла ба ду корвони пуштибонии артиши Амрико дар ҷануби Ироқ

Манобеъи расонаӣ аз ҳадаф қарор гирифтани ду корвони пуштибонии артиши Амрико дар ҷануби Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз мусавабаи Парлумони Ироқ дар бораи ихроҷи низомиёни бегона аз хоки ин кишвар ва сустии Бағдод дар ин амр корвонҳои пуштибонии эътилофи амрикоӣ ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар ҷараёни як рӯз чанд бор ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд.

Ду корвони пуштибонии артиши Амрико дар устони Девония бо фосилаи замонии андак аз якдигар ҳадаф қарор гирифтанд. Ба корвони нахуст дар наздикии як мурғдорӣ ва ба корвони дуввум назидкии чорроҳи Сумар ҳамла шуд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки бомдоди имрӯз низ бо беш аз 10 мушак, ду марказӣ пинҳонии Созмони иттилоъот ва амалиёти вижаи Исроил дар Арбили Ироқ ҳадаф қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш занги хатари консулгарии Амрико дар Арбили Курдистони Ироқ низ ба садо даромада аст ва тамоми пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ба ҳолати омодабоши комил даромаданд.

Бисёре аз мардум ва гуруҳҳои ироқӣ хоҳони ихроҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва Парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб карда аст.

 

Барчасп