Ноябр 22, 2016 20:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ

Режими Исроил беэътино ба қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид ва вокунишҳои ҷаҳонӣ қасд дорад, беш аз ҳафт ҳазору 100 хона барои саҳюнистҳо дар Қудс бисозад.

Ба иттилои Маркази иттилоърасонии Фаластин, ҳадафи режими саҳюнистӣ аз тавсеаи шаҳракҳо дар Қудси ишғолӣ, ҷудосозии Қудси шарқӣ аз манотиқи атрофи он, афзоиши теъдоди шаҳракнишинони саҳюнист дар ин минтақа ва мусодираи ҳарчи бештари заминҳои фаластиниён аст.

Режими саҳюнистӣ бо иҷрои тарҳе зидди фаластинӣ, ки "Намои Қудс" ном дорад, дарсадад аст, теъдоди фаластиниёни сокини Қудсро аз 37 дарсад ба 12 дарсад коҳиш диҳад.

Раиси Кумитаи барномарезӣ ва сохту сози режими саҳюнистӣ дар шаҳрдории Қудс гуфтааст, пас аз интихоби Доналд Трамп ба раёсатҷумҳурии Амрико, Исроил қасд дорад, дар январи 2017 беш аз 30 ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар Қудс эҳдос кунад.

Бар асоси гузориши манобеи саҳюнистӣ, буҷети шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ аз соли гузашта токунун 500 дарсад афзоиш ёфта ва ба ҳудуди 110 миллион доллар расидааст.