Юриши низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Уммулфаҳм дар Фаластини ишғолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i83288-Юриши_низомиёни_саҳюнист_ба_шаҳраки_Уммулфаҳм_дар_Фаластини_ишғолӣ
Манобеи расонаӣ хабар доданд, низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба шаҳраки Уммулфаҳм дар Фаластини ишғолӣ, шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Уммулфаҳм дар Фаластини ишғолӣ

Манобеи расонаӣ хабар доданд, низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба шаҳраки Уммулфаҳм дар Фаластини ишғолӣ, шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.

Ба гузориши “Алмаёдин”, ба дунболи амалиёти истишҳодии 2 ҷавони фаластинӣ аз аҳолии шаҳраки Уммулфаҳм алайҳи саҳюнистҳо дар шаҳри Хизира, воқеъ дар ҷануби Ҳайфа, низомиёни саҳюнист ба ин шаҳрак юриш бурданд ва иқдом ба боздошти бастагону наздикони ин 2 ҷавон карданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллӣ, аҳолии шаҳраки Уммулфаҳм  муқобили манзили Иброҳим Ғубория ва Эман Ғубория, омилони амалиёти истишҳодии Хизира таҷаммуъ карда ва бо юриши саҳюнистҳо муқобила карданд.

 

Бештар бихонед: