Оташсӯзӣ дар фурудгоҳи Кувейт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i83314-Оташсӯзӣ_дар_фурудгоҳи_Кувейт
Манобеи расонаӣ аз вуқуъи оташсӯзӣ дар як бинои дар ҳоли эҳдос дар фурудгоҳи Кувейт хабар доданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 28, 2022 19:40 Asia/Dushanbe

Манобеи расонаӣ аз вуқуъи оташсӯзӣ дар як бинои дар ҳоли эҳдос дар фурудгоҳи Кувейт хабар доданд.

Дар пайи бурузи ин ҳодиса, оташнишонии Кувейт аз эъзоми шаш гурӯҳ барои хомӯш кардани оташ ба маҳали оташсӯзӣ хабар дод.

Идораи кулли ҳавонавардии Кувейт низ эълом кард, трафики ҳавои байналмилалии Кувейт ба сӯрати оддӣ пеш меравад ва таҳти таъсири ин оташсӯзӣ дар бинои терминали ҷадиди мусофирбарӣ қарор нагирифтааст.

Аҳмад Солеҳ, сухангӯии расмии вазорати зерсохти Кувейт ҳам гуфт, нерӯҳои оташнишонӣ дар ҳоли хомӯш кардани оташ ҳастанд.

Ҳануз дар бораи иллати ин оташсӯзӣ, хабаре эълом нашудааст.